- обдор
- I[آبدار]1. обомехта: барфи обдор2. сершира, шодоб, хушоб: харбузаи обдор, себи обдор3. фасеҳ, равон, пуртаъсир, маънидор: шеъри обдор, сухани обдор, садои обдор4. об додашуда, ҷавҳардор, тез, буранда: шамшери обдор, теғи обдор5. базарба, сахт, кашидаву кушода, задашуда: тарсакии обдор, тозиёнаи обдор6. дурахшон, соф, беғубор: алмоси обдор, дурри обдор7. сахт, нешдор: дашноми обдор; чашми обдор чашми зинда, ҷаззоб, меҳрангезII[آبدار]мутасаддии обёрии кишт, обмон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.